Фурӯғи пирӣ

Ӯ Гурғулисаро буд,
Устоди ҳар наво буд.
Хонда, гирифта таълим,
Буд касбаш муаллим.
Ногаҳ миёни миллат
Пайдо бигашт иллат.
Миёни мардуми тинҷ
Чу марги ногаҳонӣ
Як субҳгоҳ шуд сар
Ногоҳ тирпаронӣ.
Халқи савхози Киров
Ба ғам оғушта гардид,
Бисёр бегуноҳон
Захмину кушта гардид.
Ба хоки водии Вахш
Шуд як замонаи бад
Кард ба мошине бор
Аҳлу айёлаш Аҳмад.
Пеши падар ва Модар
Кӯлоб омад Аҳмад.
Шаб сар намонда мардум
Дар хоб, омад Аҳмад.
Дар он хона ба Аҳмад
Боз ду додараш буд,
Тошбибӣ модараш буд,
Гулбаҳор хоҳараш буд.
Номи падари Аҳмад
Буд аён - Умурзоқ,
Раиси суди халқу
Табъаш ҳаме буд чоқ.
Гуфто Аҳмад: Падарҷон,
Дар хонаи шумоён
То субҳдам бихобам
Монанди марди меҳмон.
Бояд ки ман ба зудӣ
Барвақт бар бигардам,
Аз моли хонаву дар
То бохабар бигардам.
Ба писараш, ба Аҳмад
Умурзоқи падар гуфт:
Марав ба хонаат зуд,
Он ҷост пурхатар, гуфт.
Ҷангҷӯ бо яроқаш
Бад зи гургу паланг аст,
Ҳар ҷо агар ки ҷанг аст,
Баҳри ҳаёт танг аст.
Аҳмад бигуфт, охир
Ба дил тоқат надорам.
Бояд равам ба хона,
Аз баҳри рӯзгорам.
Дар хона чанд қолин
Дораму чанд болин,
Яхдоне пур зи мол аст,
Аз меҳнати ҳалол аст.
Равам ба хона бояд,
То дуздаке наояд.
Бе посбон ба ҳавлӣ
Ҳар гову хар дарояд.
Тошбибӣ бигуфто:
Шунав мақоли дунё,
Мол чу чирки даст аст,
Нобуди моли дунё.
Ман модару ту фарзанд,
Пайванди ҷонам астӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё