Муҳаққиқи соҳибмактаб

Мувофиқи тадқиқот, Садриддин аз шашсолагӣ ба мактаб рафта, як сол дар мактаби пеши масҷиди Соктаре, се сол дар мактаби духтарона, як сол назди имом – хатиб ва се соли дигар назди падар таълим мегирад ва баъди дар вабо аз даст додани волидайн соли 1890 ба Бухоро барои идомаи таҳсил меравад.
Дар Бухоро устодони Айнӣ дар ҷодаи шеър Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ва дар наср Аҳмади Дониш (тавассути «Наводир-ул-вақоеъ») мебошанд: «Мақсади эҷоди насри бадеии Айнӣ пеш аз ҳама аз солҳои шиносоияш бо «Наводир-ул-вақоеъ» оғоз меёбад ва минбаъд ин фаъолияти бадеии ӯ сол то сол ривоҷу равнақ меёбад ва ӯ яке аз ситораҳои дурахшони насри реалистии Шарқ мешавад»
(50,472).
«Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)» дорои аҳамияти калони илмӣ, таълимӣ ва тарбивӣ мебошад ва бо услуби хоси тадқиқотии худ адабиётшиносони тоҷикро водор мекунад, ки ҳангоми баррасии ҳолномаи шахсиятҳои шинохтаи фарҳангӣ чун тадқиқотчиёни рус, англис, олмонӣ, фаронсавӣ… ҷузъитарин лаҳзаҳои ҳаёти онҳоро ба эътибор гиранд. Устод Табаров моҳияти муайян кардани ҳар лаҳзаи зиндагии шахсиятҳои барҷастаи фарҳангиро чунин ба қалам додаст: «Агар насаба ва шаҷараи Садриддин Айнӣ ба мисли насаба ва шаҷараи бисёр адибону олимони тоҷики асри ХХ (Лоҳутӣ, Турсунзода, Ғафуров ва дигарон) тартиб дода нашавад, дар таҳлилу тадқиқи таърихи илму маданият ва адабиёту санъати халқи тоҷик садди калоне ва бесарусомоние ба вуҷуд меояд ва ҷои омӯзиши ҳаққониву дурусти онҳоро ривояту нақлҳои ғалат, афсонаҳо, устураҳо ва сохтакориҳо ишғол хоҳанд кард»(50, 139).
Соҳиб Табаров аз қабили он донишмандони камшуморест, ки асарҳои худро ҳамвора бо маълумоти нав, ҳуҷҷату маводи ба тозагӣ дастрас гардида такмил медиҳад ва таҳрирҳои навбатии асарҳои устод, чунонки аз таълифоти эшон оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим бармеояд, басо ҷиддӣ буда, ба мундариҷа ва муҳтавои матн таъсири корӣ ва самарабахш мерасонанд. Соли 2002 китоби Соҳиб Табаров бо номи «Мунзим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё