Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Беҳбудӣ» ба табъ расид ва вазифаи муаллиф дар ин асари ҳаҷман хурд оид ба ду намояндаи пешгоми адабиёти ҷадидияи тоҷик маълумоти мухтасар додан буду халос. Баъди чанде устод оид ба фаъолияти ватандӯстонаву ҷавонмардонаи писари Абдулвоҳиди Мунзим – Раҳим Бурҳонов маълумоти тозае ба даст меоварад ва лозим мешуморад, ки соли 2004 китобе бо номи «Мунзим – руковадитель общества джадидов и председатель партии младобухарцев» ба табъ расонида, дар он оид ба зиндагӣ ва фаъолияти Раҳим Бурҳонов низ маълумот дарҷ намояд.
Бояд гуфт, ки Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар баробари фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ чи дар замони амирӣ ва чи дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ чун шоир ва публитсисти тавоно ҳам ном бароварда буд ва устод Табаров дар таҳрири навбатӣ фаъолияти адабии ин шахсияти барҷастаро ҳамроҳ карда, соли 2009 асарро бо номи «Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим» чоп менамояд. Ва, ниҳоят, дар нашри соли 2011 китоби «Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим» тадқиқи ҳаёт ва фаъолияти Мунзим пурра ба анҷом мерасад(ниг. ба фасли «Абдулвоҳиди Мунзим дар нақди Соҳиб Табаров»).
Як силсила асарҳои Табаров С.Ш. ба тадқиқу ташхиси осори намояндаи барҷастаи адибони тоҷики ибтидои асри ХХ Абдуррауфи Фитрат бахшида шудааст. Устод дар китобҳои «Мунозира»-и Абдуррауфи Фитрат» (1997) «Баёноти Сайёҳи ҳиндӣ»-и Фитрат» (1999), «Васфи Ватан дар ашъори Абдуррауфи Фитрат» (2001), «Раҳбари наҷот»-и Абдуррауфи Фитрат– қомуси ҳаёти халқи тоҷик» (2002), «Мавлуди Шариф ё худ Миръоти хайр-ул-башар»-и Абдуррауфи Фитрат» (2003), «Оила ва вазифаҳои хонадорӣ аз назари Абдуррауфи Фитрат» (2003), «Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони манғит»(2006) масъалаҳои мубрами адабиёти ҷадидияи тоҷикро вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти Фитрати Бухороӣ мавриди таҳлилу барасӣ қарор додаст ва азбаски ин асарҳо ба сабаби парокандагӣ ва камшумории адади нашр ҳатто ба қисмате аз мутахассисони адабиёти давраи нави тоҷик дастрас нагардидаанд, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон тадқиқоти мазкурро дар таҳрири нав дар ду ҷилд бо номи «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (солҳои 2008 ва 2009) ба пешгоҳи хонандаи мутахассис пешниҳод намояд.

пешина
аз 148
навбатӣ