Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сунниён номҳои панҷ тани олӣ або ва дувоздаҳ имомро ба тартиб ёд гирифтанд» (3,44).
Бинобар ин, даллолон «шиа» будани ғуломон ва канизони ба фурӯш монда, аз ҷумла Раҳимдоди хурдсолро, ки номашро Неқадам монда буданд, ба осонӣ «исбот» намуданд.
Ва Абдураҳимбои ғуломҷаллоб итминон пайдо кард, ки ғуломбачаи харидагии ӯ – Неқадам шиа ва маҳалли зисташ Данивари Эрон мебошад.
Дар рисола лаҳзаҳои муассири тасвири «Ғуломон» муфассал ва амиқ таҳлил гардида, бо ҳамин моҳияти иҷтимоӣ ва услуби воқеии тасвири роман бо тамоми возеҳӣ таъкид меёбад. Аз ҷумла, устод Табаров лаҳзаи ба дасти Неқадам задани тамғаро ба тадқиқ гирифта, ба хулосае меояд, ки:
«Дар айни замон нависанда ба тасвири лаҳзаи ба ваҳшонияти ношуниданӣ ба банди дасти Неқадам пахш кардани тамғаи тафсонда бори дигар тасдиқ мекунад, ки дар давраи амирӣ сарватмандон дар байни ҳайвонот ва канизону ғуломони худ ҳеҷ ягон фарқеро намедиданд»(62,164).
Дар ҳақиқат, лаҳзаи ба дасти Неқадам задани тамға яке аз муассиртарин лаҳзаҳои «Ғуломон» мебошад, ки аз маҳорати барҷастаи нигорандагии нависандаи он гувоҳӣ медиҳад. Хонандаи имрӯз аз тасвири ин лавҳа моҳияти ғуломию канизиро, ки дар ҷомеаи асримиёнагӣ шакли қонуниро гирифта буд, басо хуб эҳсос намуда, то метавонад, баҳри ҳифзи шарафу номуси инсонии худ кӯшиш менамояд. Абдураҳимбой ба воситаи тамғаи думчадори наълшаклаш, ки бо он молҳои ба Русия фиристодааш, ҳамаи гӯсфандон, галаи аспҳо, қатори шутурҳо ва ғуломону канизонашро нишона мекард, Неқадами хурдсолро ҳам нишона карда ба қатори молҳои тамғадор ва гумнашавандааш медарорад: «Набӣ Полвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонд ва бо ёрии Қалмоқоим дасту поҳояшро ба замин пахш кард. Пас аз он Набӣ Полвон тамғаи дар оташ тафсонда суп-сурх шударо аз думчааш бо анбӯр бардошта ба банди дасти Неқадам пахш кард.

пешина
аз 148
навбатӣ