Муҳаққиқи соҳибмактаб

Бача бо ҳавли ҷон чирросзанон фарёди ҷонгудозе баровард. Пас аз он нафасаш ба дарун афтод. Пас аз он қадре осуда шудагӣ барин шуд. Бача аз ҳуш рафта буд.
Набӣ Полвон тамғаи ба дасти бача часпондамондаро, чунонки муҳри ба сурғучи гудохта пахш карда шударо бардорад, бо зӯр канда гирифт. Ҷои доғшудаи бачаро Қалмақоим намади сӯхта пахш кард»(3,108).
Абдураҳимбой Неқадамро бо нархи 60 тило харид ва ӯро тамға зада, ба қатори дигар ғуломон ва канизони зархаридаш ҳамроҳ намуд. Бой аз ин муносибатҳои нангини ҷомеаи феодалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсонӣ ҳарчи бештар истифода кардан хоста, дар фикри бо роҳи осон ва бехарҷи зиёдатӣ зиёд намудани саршумори ғуломону канизонаш меафтад ва дар баробари ғулому канизони зархарид боз соҳиби ғулому канизони хоназод шудан мехоҳад. Абдураҳимбой хурсандӣ ва қаноатмандиашро аз ин «кашфиёти худ» чунин ифода мекунад: «Агар ман 25 ҷуфт ғулом ва канизакони миёнсоламро бо якдигарашон қатӣ қарда фиристонам, Худо диҳад, дар даҳ сол аз ин ҷо 150 нафар ғулом ва канизакони хоназод мерӯяд. Ана ҳамин кор барои мо тӯи ҳақиқӣ мешавад»(3, 165).
Ҳарисӣ ва манфиатҷӯии Абдураҳимбой ҳадду канор надорад. Ӯ барои ҳарчи зиёдтар соҳиби ғуломони хоназод шудан на танҳо Неқадам ва Гулсум барин ғуломону канизони муқаррариро ба якдигар хонадор мекунад, ҳатто Калмоқоим ном зани худро, ки аз ҳисоби канизон буд, ба Ашӯр ном ғуломи зархаридаш хонадор мекунад.
Устод Табаров воқеаҳои асарро оид ба зиёд кардани ғуломону канизони хоназод бо роҳи хонадор кардани ғуломону канизони зархарид муфассал ба тадқиқ гирифта, асосҳои воқеӣ ва таърихии тасвири нависандаро нишон медиҳад. Дар баробари ин, муҳаққиқ хизмати адибро дар корбурди истилоҳоти ғулому канизаки зархарид, ғулому канизаки хоназод, мардикор, духтархона, мукотиба, ғумо шарҳ дода таъкид мекунад, ки вожаҳои мазкур то инқилоби Октябр дар муносибатҳои табақавии ҷомеаи тоҷикон дар истифода будаанд ва баъзеи ин истилоҳот маҳз ба тавассути нависандаи «Ғуломон»ба замони мо омада расидаанд: «Ба фикри банда,– қайд кардааст устод Табаров,– агар С.Айнӣ намебуд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дар таърихи забони тоҷик қариб касе аз истилоҳи «Ғуломи хоназод» (ғайр аз «ғуломи зархарид»-и ба пули нақд харида шуда) огоҳӣ намеёфт»(62, 183).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё