Дарахти Ватан

Хушрӯй ба шонаҳот шорад
Гесӯи сиёҳи нозанинат.
Гуфтию надодие ду бӯса,
Аз рӯи сиёҳи нозанинат!
Ҳай-ҳай чӣ сафед мекуние
Рӯҳои сиёҳи нозанинат?!
Эй, канда гирифтие диламро
Бо дасти сиёҳи нозанинат!
Афтод яке дили ҷигархун
Дар пои сиёҳи нозанинат.
Зад нолаву кард хок бар сар,
Сар бар сари роҳи нозанинат.
Ду чашми сиёҳи нозанинат
Ду чашми сиёҳи нозанинат
Ҳай масти нигоҳи нозанинат.
Моро, ба Худо, ки мекушӣ ту
Ҳай масти нигоҳи нозанинат.
Рӯшан шудае чӣ гуна хушрӯ
Рухсораи моҳи нозанинат.
Зебат, ба Худо, ки дода хушрӯ
Якшоха кулоҳи нозанинат.
Як бӯса занем агар, парад он,
Афтад сари роҳи нозанинат.
Мо ташнаи зори зори зорем,
Ку чашмаву чоҳи нозанинат?
Ту дону Худо, арӯси мо шав,
Мо – ҳазрати шоҳи нозанинат.
Мо даст ба дасти нозанинем
Мо даст ба дасти нозанинем,
Мастем, чӣ масти нозанинем.
Ёди сару по дигар надорем,
Мо даст ба дасти нозанинем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё