Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуфтӣ майи нозанин задастем,
Май нозада масти нозанинем.
Эй, дар думи кор баста мардум,
Мо баста ба дасти нозанинем.
Девонаи ҳот ними дунё,
Мо маст ба дасти нозанинем.

Эй, гардани ту мисоли шиша

Эй, гардани ту мисоли шиша,
Маст аст хаёли мо ҳамеша.
Сармаст ба ёди ту шудастем,
Эй, дар сари мо хаёли шиша!
Сад сол равад, намеравад, вой,
Оҳ, аз сари мо хаёли шиша!
Эй, гардани нозанини нозук
Нозуктарак аз хаёли шиша.
Эй, даст ба гардани ту бурдем,
Гуфтӣ, бачае, ту нашканиша!

Ӯ банди камар чӣ баста бошад

Ӯ банди камар чӣ баста бошад?
Беҳ нест магар набаста бошад?!
Гулдастаи нозанин шудасте,
Гулдаста чунин кӣ баста бошад?!
Ё аз камараш гирифта ёре
Дудаста, камар шикаста бошад?!
Эй, дар сари санги зонуи мо
Чун кабк, Худо, нишаста бошад!
Мон, банди камар ҳамеша бандад,
Эй, банди ду по набаста бошад!

Абрӯи таранг мепаронӣ

Абрӯи таранг мепаронӣ,
Ҷонам зада чанг, мепаронӣ.

пешина
аз 162
навбатӣ