Дарахти Ватан

Абрӯи таранги нозанинат
Ҳай рангибаранг мепаронӣ.
Ҳуш мепарад аз сарам яке, вой,
Аз рӯ ҳама ранг мепаронӣ.
Ранги ту касе намепаронад,
Хушрӯй чӣ ранг мепаронӣ.
Хушрӯ сари санг ҳай нишаста,
Соз аз сари санг мепаронӣ.
Ҳай аз сари санги нозанин дур
Ӯ чашмаки танг мепаронӣ.
Ҳай карда сари маро гаранге,
Дур аз сари санг мепаронӣ.
Ҳуш аз сари мо паронданат чӣ?
Ҳуш аз сари санг мепаронӣ.
Эй, кабгаки мастаки диламро
Аз синаи танг мепаронӣ.
Тан дода ба куштани ту моем,
Эй, дар сари нанг, мепаронӣ.
Эй шишта ба рӯи сабза, бархез
Эй шишта ба рӯи сабза, бархез!
Бархез, шудаст сабза тар, хез!
Дар сабза нашин, ки тар шудастӣ,
Ҳай тар шудаӣ, чӣ гуна тар, хез!
Чун лолаи тар шудастие тар,
Бовар накунӣ, худат нигар, хез!
Ку даст бизан ба куртаи худ,
Каҷ карда, бубин, каме дигар, хез!
Дар он камари базеб ҷонам,
Дудаста бигирам аз камар, хез!
Аз мо ту натарс як сари мӯ,
Зинҳор гумони бад мабар, хез!
Сар пеши ду пои ту бимонем,
Хушрӯй бизан ду по ба сар, хез!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё