Дарахти Ватан

Сад бор гудок мефиристӣ
Сад бор гудок мефиристӣ,
Мо сӯфии пок, мефиристӣ!
Сад бор ту мекунӣ дуоям,
Сад бор ба хок мефиристӣ.
Тилфони худам дирам надорад,
Ту боз гудок мефиристӣ.
Мо дода гудок ҳам натонем,
Ту соз, гудок мефиристӣ.
Ҳай рост маро ту гуфта будӣ:
Эй, ту пули хок мефиристӣ.
Баччат сари даст омадастӣ...
Баччат сари даст омадастӣ,
Чун кабкаки маст омадастӣ!
Ҳай омадани ту нозанин аст,
Мо ҳам шуда маст, омадастӣ!
Гардонда ту рӯй рафта будӣ,
Эй ҷон, чӣ шудаст омадастӣ?
Хуш омадаӣ ба хонаи худ,
Чизе нашудаст, омадастӣ!
Эй, кам нашудастие, чӣ хушрӯ,
Дунё ҳама ҳаст, омадастӣ!
Ҳай дар сари даст гулписар маст,
Дигар чӣ ғам аст, омадастӣ?!
Девона шавад чӣ гуна душман,
Ман масту ту маст, омадастӣ!
НОЗАНИН
Эй ҷони ҷони нозанин
Эй ҷони ҷони нозанин,
Ширинзабони нозанин,
Кам нест чун мо рӯи раҳ
Девонагони нозанин.
Дастобгират кай шаванд
Кӯлобиёни нозанин?!
Бар сангҳо сар мезананд
Варзобиёни нозанин.
Ку нозанине мисли ту
Аз ғармиёни нозанин?!
Дар тахт шоҳон мемуранд,
Мо дар миёни нозанин.
Моро ба мӯе баста куш,
Дар он миёни нозанин.
Тире бизан, моро бикуш,
Абрӯпарони нозанин.
Бикшо ба нози баччакуш
Ширин даҳони нозанин!
Моро бикун аз нав ҷавон –
Як навҷавони нозанин!
Мо ҳам ҷавонӣ доштем,
Ку он ҷавони нозанин?!
Охир, замони мо гузашт,
Ҳайфи замони нозанин!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё