Дарахти Ватан

Ӯ меравад, Худоё,
Ночор нозанин аст.
Ду чашму рӯйи хушрӯ
Ғамбор, нозанин аст!
Хайр, эй азиз, гӯяд,
Эй, хор нозанин аст.
Мори ғамаш газидаст,
Бемор нозанин аст.
Имшаб шаби дарозест,
Бедор нозанин аст.
Дар ҳасрати дубора
Дидор нозанин аст.
Арғушт меравӣ нағз
Арғушт меравӣ нағз,
Арғушти ту диловез.
Гесӯи ту парешон
Дар пушти ту диловез.
Рафтаст ҳуши мардум,
Арғушт меравӣ нағз!
Ду банди мӯй хушрӯ
Дар мушт меравӣ нағз!
Пероҳани ту гулрез,
Перомани ту гулрез,
Гулрез печу тобат,
Арғушти мавҷи обат!
Афтода мову ту ҳай
Арғушт меравӣ нағз!
Дар пеши рӯ нишинӣ,
Бар пушт меравӣ нағз!
Ҳо шонаҳои ларзон,
Ҳо синаҳои ларзон!
Кабкони маст хезанд
Аз лонаҳои ларзон!
Абрӯй мепаронӣ,
Хушрӯй мепаронӣ!
Ҳар сӯ намезанӣ тир,
Дар сина мезанӣ тир!
Абрӯ парондие ту
Абрӯ парондие ту,
Хушрӯ парондие ту.
Теғе задӣ ба синам,
Ҳар сӯ дарондие ту.
Сайёд мову хушрӯ
Пеши кӣ хондие ту?
Куштӣ шикориёнро,
Як сар намондие ту.
Дар сина мол марҳам,
Тарсӣ, намол марҳам!
Рӯмол деҳ, бибандам,
Бикшо гиреҳ, ки бандам!
Бигзор зор нолам,
Зорат ҳазор нолам!
Як сина зор нолам,
Ду сина дор, молам!
Дуруи мо ҳамин аст,
Доруи нозанин аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё