Дарахти Ватан

Гуфтӣ мазан ту наҳ тут
Гуфтӣ мазан ту наҳ тут,
Кай дораде гунаҳ тут?!
Имрӯз, ҷӯра, мастӣ,
Ёбӣ магар пагаҳ тут?!
Як майда тут чиндам,
Гуфтам, азиз, маҳ тут!
Хушрӯй медиҳад, оҳ,
Бар гуларӯс шаҳ тут!
Гуфтӣ баро ту боло,
Ман мехӯрам зи таҳ тут!
Гуфтам намебароям,
Мон, мехӯрӣ пагаҳ тут!
Гуфтӣ нагӯ, нагӯе,
Ҳайф аст рӯи раҳ тут!
Тут аст роҳати ҷон,
Хушрӯст, бин сияҳтут!
Гуфтам нахӯрдам, эй гул,
Боре зи рӯи раҳ тут.
Бо нозҳои ширин
Гуфтӣ нахӯр ту аҳ тут!
Гуфтам, ки мехӯрам нағз
Ин шом то пагаҳ тут.
Гуфтӣ чӣ хел? Гуфтам
Ду чашми туст шаҳтут.
Очат яке фиғон кард:
«Шаб мехӯрӣ ту шаҳтут?!»
Ангушти худ нишон дод,
Бо зарда гуфт: «Маҳ тут!»...
Хушрӯй мехӯрӣ себ
Хушрӯй мехӯрӣ себ,
Мардум хӯранд безеб.
Себи ҳавас хӯрад кас,
Мисли ту кай хӯрам себ?!
Ҳай себ мехӯрӣ нағз,
Касро ҳавас намояд.
Гар мехӯрад асал кас,
Савганд, бас намояд.
Себи рухат газидам,
Ҳушат ба хӯрдани себ.
Гуфтӣ, ки мурдам, эй вой,
Бачча, нагаз ту безеб!
Себи бағал расида,
Беҳ аз асал расида!
Бар ман, Худо, расад себ,
Ду себи беҳ зи сад себ!
Кардам маза даҳонам,
Гуфтӣ надидаӣ себ?
Худ боғи себ дорӣ,
Сад бор чидаӣ себ.
Бисёр себ дидам,
Бисёр себ чидам.
Кай дидаме чунин себ?!
Кай чидаме чунин себ?!
Зебост себи нағзат,
Додаст зеби нағзат!
Пеш ор себи хушрӯ,
Хуш бӯ кашам, чӣ хушбӯ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё