Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Себат ба даст гирам,
Аз бӯш маст гирам.
Як газ бигирам ин себ,
Ду газ бигирам он себ.

Бозӣ накун, бигӯӣ,
Эй ҷӯраҷон, ту бо себ!
Эй вой, мерасонӣ
Бар себи мо ту осеб!

Тарсӣ, ки мерасонам
Бар боғи себат осеб?!
Ҳай себ мехӯрам нағз,
Кӣ мехӯрад чу мо себ?!

Себат биёр, себ ор,
Се бор гирам, эй ёр,
Аз себи қанд газ-газ,
Дилҳо кунанд ҷаз-ҷаз!

Се газ кам аст, бигзор,
Аз ҳар кадом се бор
Хушрӯ газам, ки бо ноз
Ширин газӣ лабат соз!

Бин себ хӯрданамро
Бо сад ҳавас, хӯрам себ,
Гӯӣ ҳазор агар ту,
Эй бачча, бас! Хӯрам себ.

Себат хӯрам, ҳа хушрӯ,
Дар ту мурам, ҳа хушрӯ.
Ҳо, хӯрдани маро бин,
Ҳо, мурдани маро бин.

Аз дасти мо бихӯр себ

Аз дасти мо бихӯр себ,
Хӯрдан туро диҳад зеб.
Мон себи мардумонро,
Аз боғи мост ин себ.

Доруи мост ширин,
Дору надорад ин себ.
Ширин, бихӯр, ки аз дил
Ғамро барорад ин себ.

Бин, себи нозанин аст,
Ин себи нозанин аст!
Себам бигир аз даст,
Аз бӯш мешавӣ маст!

Эй нозанин, бигираш,
Ин себи туст, ширин.
Гар ман хӯрам, дареғ аст,
Ин зеби туст ширин.

Як газ бигир, эй ҷон,
Ин гуна ку дигар себ?!
Ҳарчанд сер бошӣ,
Қандат бихӯр, нахӯр себ!

Абрӯ шикастаӣ каҷ

Абрӯ шикастаӣ каҷ,
Ду сӯ шикастаӣ каҷ.
Абрӯи нозанинат
Хушрӯ шикастаӣ каҷ.

Эй, каҷ шикаста абрӯ,
Бо ҳам набаста абрӯ.

пешина
аз 162
навбатӣ