Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Болои чашми хушрӯт
Хушрӯ нишаста абрӯ.

Аз рӯякат бибӯсам,
Абрӯякат бибӯсам.
Хушрӯй ноз дорӣ,
Хушрӯякат бибӯсам.

Ду кабки маст

Ду чашм – чашмаи май,
Хушрӯст чашмаи вай!
Эй ҷӯра, ту надидӣ,
Эй ҷӯра, ту чӣ дидӣ?!

Ду чашми масти сурма,
Бӯса – шикасти сурма.
Мурдам зи дасти чашмаш,
Мурдам зи дасти сурма.

Хуш он, ки маст мирад,
Не худ ба даст гирад.
Ку он ки мисли Сайёд
Ду кабки маст гирад?!

Эй, интизори мошин

Эй, интизори мошин,
Боз о, канори мо шин!
Ҳайфи ду пойи хушрӯт,
Як дам ба бори мо шин!

Гар хуш ба бори мо нест,
Майле, ба тори мо шин!
Хуш гуфт нозанине:
«Дар хок тори мошин!

Моро хуш аст гуфтан:
Эй ҷон, ба тори мо шин».
Чанде чӣ одам астанд?
Зан дар шумори мошин.

Инҳо савори мардум,
Мардум савори мошин.
Афсӯс, мошин омад,
Рафтӣ савори мошин.

Дар нимараҳ занад, кош,
Ногаҳ матори мошин.
Як боркаш биёяд,
Бин шаҳсавори мошин.

Бо мошинат кунад бор,
Ҳай-ҳай, ба тори мошин.
Гӯӣ куҷост он, ки
Гуфтам ба тори мо шин?!

Борон задаст хушрӯ

Борон задаст хушрӯ,
Ширин шудаст хушрӯ.
Часпида остинаш
Хушрӯ ба даст, хушрӯ.

Пероҳанаш ба тан, вой,
Часпидааст хушрӯ.
Ҳай нозанин ба дастам
Афтидааст хушрӯ.

Як бор бад надодаст
Зинҳор даст хушрӯ.
Хушрӯй дода сад бор,
Сад бор даст хушрӯ.

пешина
аз 162
навбатӣ