Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бин, дасти нозанинаш
Ҳай додааст хушрӯ.
Гуфт аз алам дугонаш
Кай додааст хушрӯ?!

Дар кӯча меравеме
Дастибадаст хушрӯ.
Девона гашта ёрон,
Мо масти маст хушрӯ.

Во, бӯса доданаш, вой,
Во, куштанист моро.
Донам, чи маст кардаст,
Ҳо, куштанист моро.

Болобаландо

Болобаландо,
Поҳо баландо,
Дигар наёе
Бо мо баландо.

Дидӣ, чӣ гуна
Мардум бадандо?!
Ҳай санг бисёр
Моро задандо.

Сад ранг ҳар сӯ
Гап мекашандо.
Моро тавонанд
Ҳе, мекушандо.

Лахти диламро
Сагҳо канандо.
Оташ ба ҷонам
Ғамҳо занандо.

Гарданбаландо.
Дандон чӣ кандо?
Гул баста бӯса,
Дасташ бибандо.

Мардум бубинанд,
Лаб мегазандо.
Оташ гирифта,
Ҳо, мепазандо.

Басташ натонӣ,
Бигзор, бандам!
Ҳо, гарданатро
Ку дор, бандам!

Хуш ноз дорӣ

Хуш ноз дорӣ,
Пардоз дорӣ.
Ҳо, гулпариӣ,
Парвоз дорӣ.

Ту масти нозӣ,
Моро ба бозӣ
Девона созӣ,
Девонабозӣ!

Рӯмол бастӣ
Якшоха, мастӣ.
Девона кардӣ
Морову бастӣ.

пешина
аз 162
навбатӣ