Дарахти Ватан

НОЗАНИТАР
Ҳай гашта нозанин тар,
Ҳай гашта нозанинтар!
Вай. Гашта нозанин тар!
Кай гашта нозанин тар?!
Хушрӯй тар шудасте!
Хушрӯй тар шудасте!
Хушрӯи мо чи хушрӯст,
Хушрӯйтар шудасте!
Ҳай нозанин тар асте,
Ҳай нозанинтар асте!
Бовар дилам надорад:
Кай нозанин тар асте?!
Ай нозанини ширин
Кай нозанинтар асте?!
Дидем нозанинон,
Вай нозанинтар асте!
Рӯи ҷаҳона гаштем,
Ҷои ниҳона гаштем.
Чун ӯ яке надидем,
Хушрӯ яке надидем.
Хушрӯ ҳазор дидем,
Хушрӯи зор дидем.
Чун ӯ яке наёмад,
Ҳар сӯ ҳазор дидем.
Сад нозанина куштем,
Бад нозанина куштем.
Мо ранги ӯ нагаштем,
Мо ранги ӯ накуштем.
Борон задаст созаш!
Дар мижаи дарозаш
Бин чакраҳои борон –
Шабнам ба сабзазорон.
Мебиние ту бинӣ?
Биниш нест чинӣ!
Бинӣ ҳазор бинӣ,
Чун бинияш набинӣ.
Бинӣ чаро набинӣ?
Бине, чаро набинӣ?!
Бинӣ чӣ нозанин аст,
Бине, чӣ нозанин аст!
Бинӣ чӣ нозанин аст,
Бинича нозанин аст.
Бинӣ чии базебак?
Биничаи базебак!
Бинича ҳай диловез!
Биничаи диловез
Хушрӯ чу найқалам тез,
Зад чок ҳай дилам тез!
Дар нӯки бинияш ҷон:
Як чакраи авезон!
Нӯки забон расоне,
Он чакраро нарезон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё