Дарахти Ватан

Ту биё, дастзанон бархезем,
Сари нанг аст, аз он бархезем!
Сари нанг аст сари санги Ватан,
На гаранг аст сари санги Ватан!
Гуфта будӣ, ки баҳорон оям,
Ба дилам чак-чаки борон оям...
Бӯи барф омаду кай меоӣ?
Бин, Шигарф омаду кай меоӣ?
Бе хаёли ту сари роҳи ту нест,
Бе ҳилоли ту бари моҳи ту нест.
Ғазали роҳ касе чун ту насуфт,
Ғазали моҳ касе чун ту нагуфт.
Ғазали роҳ касе чун ту начид,
Бағали моҳ касе чун ту надид.
Дар фалак роҳ касе чун ту нарӯфт,
Хирмани моҳ касе чун ту накӯфт.
Роҳи ту Коҳкашон аст баланд,
Моҳи ту оҳкашон аст баланд.
Ба замин коҳкашонон хоранд,
Ба замин оҳкашонон зоранд.
Ғами моро ту сароӣ ба қалам,
Ғами моро ту сароӣ ба алам.
Ҳеҷ най чун қалами ту нагирист,
Ҳеҷ най аз алами ту нагирист.
Зор монанди ту, эй марди Ватан,
Кас нанолид ғаму дарди Ватан.
Дар ҳазору саду ҳаждаҳ сари сол
Чун самандар ту дар оташ зада бол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё