Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шаб хоб надораме, надорам, ёрам,
Аз чарх ситораат биёрам, ёрам.
Ду дасти ситорачини ман дар шаби ту,
Ҳар ду лаби бӯсачини ман бар лаби ту.

Дар сина ғами ту мечакад чак, чак, чак,
Аз дида ғами ту мечакад чак, чак, чак.
Аз чашми қалам ҳазору сад чак, чак, чак,
Як бор бишӯ ҳазор ғам бо ду мачак.

Оғӯши ту хуштар аз биҳишт аст маро,
Хуш хатти ту хатти сарнавишт аст маро.
Баҳри ту Худои ҷон сириштаст маро,
Мисли ту дигар касе накуштаст маро.

Аз шарфаи пои ту занад гум дили ман,
Аз хандаҳакои ту занад гум дили ман.
Чашмак бизанӣ, гум занад, оҳ, ин дили ман,
Бишнав, ки занад гум-гуми ширин дили ман.

Ту пой занӣ, маро кушӣ пойзанон,
Ту ҳой занӣ, маро кушӣ ҳойзанон.
Ширин бизанӣ нолаю арғушт равӣ,
Сад кушта чу ман ба пешу дар пушт, равӣ.

Дар сояи шаб нишаста будем басе,
Ҳо, бӯса ба лаб шикаста будем басе.
Дар сояи шаб чи ишқ меварзидем,
Дар мижаи гул чу ашк меларзидем.

Бисёри бад, эй ёр, туро ғам додам,
Э вой, надонам, ки чаро ғам додам.
Ғамҳои туро додаи ман бисёранд,
Баргашта ҳамаш бар сари ман меборанд.

пешина
аз 162
навбатӣ