Дарахти Ватан

Биё, бар хонаи мардум дароем,
Биё, бар шонаи мардум бароем.
Ба мастӣ бар сари мардум сароем,
Чӣ парвое, ки дар мотамсароем?!
Биё, дар чашми мардум хок пошем,
Намак дар синаҳои чок пошем.
Ба мастиҳо басе хунаш бинӯшем,
Аз он чашмони гирюнаш бинӯшем.
Биё, хезем бар помоли мардум,
Барем аз нав ба яғмо моли мардум.
Биё, аз хонаи тангаш биронем,
Таги хоку сари сангаш биронем.
Биёву моли мардумро рубоем,
Ҳама донанд гургони дупоем.
Ҷаҳоне чун бузургонро шиносад,
Ҷаҳоне, мон, ки гургонро шиносад.
Биё, дар хонаи мардум дароем,
Биё, бар шонаи мардум бароем.
Нагӯ аз хонаи мардум бароем,
Нагӯ аз шонаи мардум фароем.
Биё, по бар сари мардум бимонем,
Ки давре дар сари мардум биронем.
Ба ҷое пат кашем ин остонро,
Ба бинӣ хат кашем ин осмонро.
Биё, по бар дари мардум бикӯбем,
Биё, по дар сари мардум бикӯбем.
Бикӯбемаш, ки дигар барнахезад,
Бимонаш, рӯзи маҳшар барнахезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё