Дарахти Ватан

Худои ҷон, яке аз дар дароӣ,
Ғаму дарди маро бар сар сароӣ.
Ба боғи дил, ба чашми тар дароӣ,
Санавбарвор хуш дар бар бароӣ.
Ду чашми ман ба роҳат мезанад об,
Хумории нигоҳат мезанад об.
Ду чашмам канд, вой аз роҳпоӣ,
Худои ҷон, яке аз дар дароӣ.
Ҷудоӣ, во ҷудоӣ, во ҷудоӣ,
Ҷудоӣ ҷони моро мерубоӣ.
Ғазалҳои ҷудоӣ нола кардем,
Китоб аз дарди чандинсола кардем.
Туро дидам, бирафт оби даҳонам,
Бирафт аз хотирам рози ниҳонам.
Бароят дораме шеъри баҷоӣ,
Биё, хонам туро, ту дар куҷоӣ?
Бубин ҳангомаи таблакзаниро,
Сару китфакзанӣ, чак-чакзаниро,
Бубин бар сарзании дастҳоро,
Бубин соғарзании мастҳоро.
Ба шӯхӣ сина пар-пар мезанад хуш,
Мисоли кабку кафтар мезанад хуш.
Раҳо аз дом гардад кабки сина,
Ба дасте ром гардад кабки сина.
Биё, то шоирӣ бадном созем,
Биё, то шеър беилҳом созем.
Касе сӯзад, суханро пухта созад,
Чу мо хомем, хомохом созем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё