Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чиниён оянд аз роҳи дароз,
Бо даҳони возу чашми нимабоз!
Чашмҳоро медиҳанд об,
Об мегиранд, об,
Ҳамчунони барфи хокистарзада
Пеши пойи хонумони сарзада!

Медиҳад ҳар сӯ намоиш
Бас нигорони ҳавасрон:
Он яке рон,
Дигаре сурин,
Кабки масти сина пар-пар мезанад
Аз бағалҳои кушода
Дар бағалҳое фитода...

Чеҳра дигаргун мешавад

Рафт берун чинӣ аз девори худ,
Кай ту берун бинӣ аз девори худ?
Хоки мо дар дасти чинӣ зар шавад,
Мо ки зар ёбем, хокистар шавад!
Ту чӣ бинӣ ё набинӣ пешу пас,
Чун равӣ аз дасти чинӣ пешу пас?
Чинии хушдил бари тоҷик бин,
Дар бараш хуш дилбари тоҷик бин!
Чеҳраи миллат дигаргун мешавад,
Ранги чинӣ бин, магӯ чун мешавад!
Раҳ ба сӯи меҳрубонон карда боз,
Мешавад чун чашми чинӣ парда боз!
Кӯдаки фардову чиниро нигар,
Ранг бину чашму биниро нигар!
Мерасад, чинӣ замингирӣ кунад,
Бар сари мардум бубин, мирӣ кунад!
Вой аз ин ҳар сӯ парешонии мо,
Вой аз ин шӯрии пешонии мо!

пешина
аз 162
навбатӣ