Дарахти Ватан

Номат ба забонам, эй Худоҷон
Номат ба забонам, эй Худоҷон,
Дар номи ту ҷонам, эй Худоҷон.
Бе номи хушат ғазал нагӯям,
Эй, хома наронам, эй Худоҷон.
Савганд ба номате, азизӣ,
Савганд ба ҷонам, эй Худоҷон.
Аз дасти замона бар ҳаво рафт
Фарёду фиғонам, эй Худоҷон.
Байту ғазалу таронаи хеш
Бе ашк нахонам, эй Худоҷон.
Гургон бихӯранд хуни одам,
Аз гург раҳонам, эй Худоҷон.
Ёрон ба канори ҳам нишаста
Ёрон ба канори ҳам нишаста,
Бозӯи савори ғам шикаста.
Бишкаста ҳазор ормонро,
Бо бӯса хумори ҳам шикаста.
Бин, пушт ба пушт монда хушрӯ,
Ду маст ба бори ҳам нишаста.
Моем дар ин канора танҳо,
Ҳамчун ба мазори ғам нишаста.
Аз ёру биёри худ ҷудоем,
Дар ғори диёри ғам шикаста.
Ку хешу табори мо, Худоҷон?
Мо дар таги бори ғам шикаста.
Сад ранг навою нолаи зор
Дар тори дутори ғам нишаста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё