Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як ҷӯраи ҷон будию рафтӣ
Барои Акбар Шариф

Як ҷӯраи ҷон будию рафтӣ,
Беҳ аз дигарон будию рафтӣ.
Чун додари ҷонам аз барам рафт,
Ту додари ҷон будию рафтӣ.
Нашкуфта зи сад гулат яке гул,
Бисёр ҷавон будию рафтӣ.
Эй, дар лаби ту ғазал фаровон,
Бе як лаби нон будию рафтӣ.
Дур аз бачаҳои нозанинат
Раҳро нигарон будию рафтӣ.
Дар гардани кист хунат, эй дӯст?
Хуншори равон будию рафтӣ...

Мо хонаи дӯст омадастем
Барои Қиёмиддин Чақал

Мо хонаи дӯст омадастем,
Аз баҳри Худо дуо ба дастем.
Сад сол шудаст, эй Худоҷон,
Мо хонаи дӯст н-омадастем.
Ӯ такя ба мо задаст хушрӯ,
Мо такя ба ошно задастем.
Дар хонаи ошнои ширин
Ҳай ош ба иштиҳо задастем.
Мо хонаи дӯст, эй бародар,
Чун хонаи худ хуш омадастем.
Ту ҷӯраи нағзи меҳрубонӣ,
Эй ҷӯра, магар ки мо бад астем?
Дидӣ, ки худат биё нагуфтӣ,
Бо амри Худо биёмадастем.
Дидаст Худо, ба хонаи дӯст
Аз мастии худ наёмадастем.
Аз дасти шамолу тарси гургон
Сар бар дари ин саро задастем.

пешина
аз 162
навбатӣ