Дарахти Ватан

Гар омадаем дасти холӣ,
Эй, бо дили пур биёмадастем!
Аз дасти кӣ мо зарар надидем?!
Ба дӯстам Зайниддини Ҷомӣ
Аз дасти кӣ мо зарар надидем?!
Мо пои киро ба сар надидем?!
По зад сари мо ҳазор бесар,
Мо дасти касе ба сар надидем.
Аз банди ҷигар задем фарёд,
Дар банди диле асар надидем.
Сад ҷӯра агар ба зар харидем,
Як ҷӯраи безарар надидем.
Дидем ҳазору як ҷаҳонсӯз,
Дар ҳеҷ диле шарар надидем.
Дидем ҳазор дарду озор,
Аз дасти кӣ мо зарар надидем?!
Ку ранги Зиё бананг, ҷӯра?
Ба устод Зиё Абдулло
Ку ранги Зиё бананг, ҷӯра,
Ку ранги Зиё баранг, ҷӯра?
Аз ранги хунук ҳазор дидем,
Эй ҷӯра, нагӯ, чӣ ранг, ҷӯра.
Ҳамранги Зиё дигар наёбӣ,
Ӯ нест,бидон, дуранг, ҷӯра.
Беҳуда сияҳ кунанд номаш
Бо рӯи сияҳ чӣ ранг, ҷӯра.
Аз сангдилони дилсиёҳе
Хӯрдаст ҳазор санг, ҷӯра.
Найранг кунанд ҳар куҷо ҳай
Рӯбоҳи малангу ланг, ҷӯра.
Ӯро чӣ ғами шағолу рӯбоҳ?
Чун ҳаст яке паланг, ҷӯра!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё