Дарахти Ватан

Пар-пар задию зи дасти Сайёд,
Эй кабк, ба сӯи пушта рафтӣ.
Лесам лаби худ ба ёди лабҳот,
Эй вой, лабат налишта рафтӣ.
Бастем ба пот риштаи ҷон,
Ту риштаи хеш ришта рафтӣ.
Гуфтам бигазам лабони хушрӯт,
Гуфтӣ битарош ришта, рафтӣ.
Эй гул, ту биё, биё бишинем
Эй гул, ту биё, биё бишинем,
Бе чуну чаро биё бишинем.
Хуш нест чунин Худои моро,
Аз баҳри Худо, биё бишинем.
Кори ману ту намешавад буд,
Мон ин ҳамаро, биё бишинем.
Дар косаи тар мазан ту дастат,
Бишкан ҳамаро, биё бишинем.
Аз дасти ту коса мӯ баровард,
Зан бар сарамо, биё бишинем.
Мардум чӣ шуданд аз пайи кор?
Дидӣ ҳамаро, биё бишинем.
Ман кор намекунам, ғамам нест,
Дидӣ, ҳа, маро? Биё бишинем.
Бигзор, кунанд кӯдакон кор,
Ҳо ҷони мано, биё бишинем.
Ту кор кунӣ, намекунад кор
Ин кӯдаки мо, биё бишинем.
Ман мешиканам туро, наёӣ,
Ту гӯй маро биё бишинем.
Ман мекушамат, наё ба ман сахт,
Гуфтам, ки биё, биё бишинем.
Эй очаи баччаҳои хушрӯ,
Пеши бачаҳо биё бишинем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё