Дарахти Ватан

Фарёд задам, нигаҳ накардӣ,
Гӯши кари ту чӣ хел хушрӯст!
Савганд ба пиччаҳои хушрӯ
Савганд ба пиччаҳои хушрӯ,
Пову пару почаҳои хушрӯ,
Куштаст ҳазор бор моро
Бо чашми сиё, сиёи хушрӯ.
Хушрӯи мано, куҷост безеб?
Бо ту ҳама ҷост ҷои хушрӯ!
Бе ту ҳама хоку моки дунё,
Эй, дар сари кӯчаҳои хушрӯ!
Мардум бимурад барои ҳар чиз,
Ман мемураме барои хушрӯ.
Мурдем дар осмони чашмат,
Дорад, ба Худо, ҳавои хушрӯ.
Хуш омадаӣ ба хонаи мо,
Аз туст ҳамин сарои хушрӯ.
Ширин бисаро ба сар маро боз,
Эй сори сухансарои хушрӯ!
Эй, ҳой зананд мардумон бад,
Ту ҳой занӣ, чи ҳои хушрӯ.
Дорӣ ҳама чизи хуш, надорӣ,
Ту дону Худо, чиҳои хушрӯ?!
Лойи ту чи лойи нағз будаст,
Будаст вай аз куҷои хушрӯ?
По бар сари мо бимон, намон ту
Дар фарш ҳамон ду пои хушрӯ.
Дар чарх занем чарх сармаст
Бо моҳу ситораҳои хушрӯ.
Бо бӯсазанӣ занем ширин
Дар барги лабат навои хушрӯ.
Ёро, ғами ҷову по надорем,
Ку аз ду бари ту ҷои хушрӯ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё