Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳай гул, ба Худо, шудаст хушрӯ

Ҳай гул, ба Худо, шудаст хушрӯ,
Ҳай дар бари мо нишаст хушрӯ.
Хушрӯй ду банди по диловез,
Хушрӯй ду банди даст, хушрӯ.
Ду чашми сиё чӣ нозанин аст,
Ду чашми сиёи маст хушрӯ.
Дар ду бари рӯи нозанинаш
Рӯ холи сиё задаст хушрӯ.
Хушрӯ зада рӯ, чунон ки гӯйӣ,
Ӯ холи сиё задаст хушрӯ.
Хушрӯ, ба Худо, даҳони мо канд,
Зад бӯса даҳон, бибаст хушрӯ.
Чун кавгаки маст месарояд,
Чун кавгаки масти маст хушрӯ.
Мастура хӯрад ҳазор савганд:
Ӯ май, ба Худо, задаст хушрӯ.
Не, не, назадаст чакраи май,
Бе май шуда масти маст хушрӯ.
Мо сахт задем, сахт бӯса,
Вай сахт шудаст маст хушрӯ!

Мисли ту надидаем хушрӯ

Мисли ту надидаем хушрӯ,
Боре нашунидаем хушрӯ.
Хушрӯии ту чӣ хуш барад ҳуш,
Лабро чӣ газидаем хушрӯ.
Дар ҳасрати ту зи тори девор
Ҳай калла кашидаем хушрӯ.
Дар кӯчаи нозанини ишқат
Бисёр давидаем хушрӯ.
Мо сурати ту ба нози хушрӯт
Бисёр кашидаем хушрӯ.

пешина
аз 162
навбатӣ