Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳай-ҳай, чӣ хуш аст ин анорат,
Ку дор дигар анор хушрӯ!
Ҳай-ҳай, чӣ хуш аст анори ширин,
Ку дигар аз ин анор хушрӯ?!
Хушрӯй бимон анор ин сӯ,
Ҳе, харбузаро биёр хушрӯ!
Ку харбузаро биёр, бинем,
Ман мекушамаш, ту дор хушрӯ!
Бин, харбузаро чӣ гуна куштам,
Эй, кушта чу ман ҳазор хушрӯ!
Оби даҳанам бирафт, ҳай-ҳай,
Ҳай харбуза ширадор хушрӯ!
Чун харбузаат агар кушам, чӣ?
Ку гардани худ биёр хушрӯ!

Рӯи ту сафеди барфи хушрӯ

Рӯи ту сафеди барфи хушрӯ,
Бо мо назадӣ ду ҳарфи хушрӯ.
Дар мижаи нозанинат, эй гул,
Биншаста чӣ гуна барфи хушрӯ!
Дар гардани нозанинат, эй гул,
Бин, баста чӣ гуна шарфи хушрӯ
Оғӯши ту сахт нозанин аст,
Хушрӯ чамани шигарфи хушрӯ.
Эй, каш ту либосу ғалтанак зан
Дар бистари барфу чарфи хушрӯ.
Ту дону Худо, бимон, ки гӯям
Дар гӯшаки ту ду ҳарфи хушрӯ.

Дар банди дилам ҳазор оҳ аст

Дар банди дилам ҳазор оҳ аст,
Аз оҳи дилам ҳаво сиёҳ аст.
Ту оҳи дили маро чӣ донӣ?
Оҳи дили дигарон чӣ оҳ аст?

пешина
аз 162
навбатӣ