Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хун шуд ҷигарам зи дасти ғам, рехт,
Ҳар ашки чакидаам гувоҳ аст.
Ин сӯй биё, биё, ки боғест,
Он сӯй нарав, нарав, ки чоҳ аст!
Ин сар, ба Худо, барои мӯ нест,
Ҳаргиз на барои ин кулоҳ аст.
Ин сар, ба Худо, барои хок аст,
Хоке, ки туро ба рӯи роҳ аст.
Роҳе, ки дар он ту пой монӣ,
Гарде ба сараш кай аз гуноҳ аст?
Лесад лаби доманат лаби раҳ,
Ҳе, дар лаби раҳ ҳазор оҳ аст.
Ҳо, дидани рӯи ту гунаҳ нест,
Нодидани рӯи ту гуноҳ аст.
Гуфт он, ки бипӯш рӯ, бигӯяш:
Ҳар ду бари рӯи ту сиёҳ аст.
Бикшой рухат, ки мо бубинем,
Эй, рӯи сияҳ набин, гуноҳ аст.

Эй, дар дили ман алов кардӣ

Эй, дар дили ман алов кардӣ,
Сӯзонда марову ов кардӣ.
Як бӯса ба сад карашма додӣ,
Рафтӣ ҳама ҷову чов кардӣ.
Эй гуфта ҳазору як дурӯғам,
Як бор магар ҳисов кардӣ?
Моро, ба Худо, ту куштаниӣ,
Моро ту хаёли гов кардӣ.
Ношукрии коракот гуфтӣ,
Якто зада гӯштов кардӣ.
Афсона барои ман ту гуфтӣ,
Бедор ману ту хов кардӣ...

пешина
аз 162
навбатӣ