Дарахти Ватан

Девона шудем кор гуфта
Девона шудем кор гуфта,
Эй, бас, биравем ёр гуфта!.
Мо кор кунему дигарон хоб,
Мурданд магар, ки кор гуфта?
Марги ҳама кору бори дунё,
Рафтем дигар нигор гуфта.
Як бӯса ба зора дода моро,
Дар пеши ҳама ҳазор гуфта.
Роз аст ҳазор дар дили зор,
Боре нашавад ба ёр гуфта.
Як бор бидеҳ ту бӯса гуфтем,
Як бор, ҳазор бор гуфта.
Якбора ду бор бӯсаам дод,
Маҳ, оши танат, ду бор гуфта.
Гуфтам, ки бидеҳ ду бори дигар,
Бигрехт, басай ду бор гуфта.
Эй, коса нашӯ, бишин бари шӯ
Эй, коса нашӯ, бишин бари шӯ,
Шак-шак накуне ту дар сари шӯ!
Аз дасти ту коса мӯ баровард,
Кал гашт зи дасти ғам сари шӯ.
Эй, дасти ғамат шикаста бодо,
Ин соя мабод бар сари шӯ!
Ширин бишикан хумори шӯ ё
Зан коса, шикан ту дар сари шӯ!
Як коса кирои гап надорад,
Сад коса шикан ту дар сари шӯ!
Корат, ба Худо, ба ҷони шӯ зад,
Зад такя ғамат ба пайкари шӯ.
Рав, даст бишӯ зи кори дунё,
Оҳиста даро ба бистари шӯ!
Бин, шӯи ту косае нашӯяд,
Сар мон ту ҳамеша бар сари шӯ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё