Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Айнӣ фаровон истифода мебурданд, ки ин усул минбаъд натиҷаҳои хуб ба бор овард.
“Падари нависанда Қосим Муртазо муаллими ҳалолу покизакор буд, дар ҷанги зидди фашизм иштирок кард, дар пешрафти маънавии диёр ҳамчун роҳбари мактабу маориф саҳмгузор шуд.
Ў барои таълимгирандагон, махсусан фарзандонаш китобҳои адибони тоҷик, асарҳои С. Айнӣ ва дигар нависандагонро оварда мехононд”. Албатта, дар хонаводаи маорифпарвар ба дунё омадан боиси ифтихор аст, аммо танҳо ин омил боиси тарбияи хуби фарзанд буда наметавонад. Дар роҳи камолоти фарзанд ва ташаккули шахсияти ў муҳити оила, мутолиаи асарҳои адибон, мушоҳидаву омўзиш ва муносибати волидайн таъсири бештар мерасонад. Маҳз чунин муҳит боис гардид, ки дар замири Бахтиёр ҳисси кунҷковию зиракӣ ва омўзишу эҷод рушд ёфта, омили табиӣ гардидааст. Ин аст, ки аксари дўстону ҳамкасбони нависанда ин хусусиятҳои ўро ирсиву авлодӣ медонанд. Шояд таъсири чунин муҳити солими оилавӣ буд, ки Б. Муртазо дар зиндагӣ маҷрои худро пайдо кард, дар ин ҷода мустақил гардид ва ба дараҷаи баланди эҷодӣ расид, ки қадр гардидан ба мукофоти соҳавию давлатӣ ва медалу ифтихорномаҳои зиёд далел бар он аст.
Ҷавҳари публитсистика бештар дар очерк ниҳон аст. Аз ин рў, жанри очерк дар фаъолияти эҷодии ҳам устод С. Айнӣ ва ҳам Б. Муртазо мавқеи хосса дорад. Ў дар очеркҳои таърихиву таҳқиқӣ, чеҳравию сафарӣ ва проблемавии худ, аз қабили “Канали Марғедар”, “Колхози коммунизм”, “Обёрӣ”, “Канали Туқсанкорез”, “Шерзод”, “Исёни Муқаннаъ”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва ғайра масъалаҳои иҷтимоии давру замонро баррасӣ ва инъикос намудааст. Ба таъбири муҳаққиқ М. Муродов “... устод Айнӣ мувофиқи талаби замон ва ба мақсади огоҳ кардани ҳаммиллатону ҳамзабононаш ба кулли масоили муҳимми ҳалталаби он давра рў оварда, дар хусуси онҳо хабару мақола, хулосаву нигориш ва очеркҳо интишор менамуд ва “онҳоро барои соҳиби ҳаққу ҳуқуқ ва дар ғафлат намондан”, даъват мекард”.

пешина
аз 194
навбатӣ