Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз ин воқеаи нангин бисёре аз сиёсатмадорон ба он андеша буданд, ки сафари Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат мавқуф гузошта мешавад, аммо бар хилофи он ӯ нақшаву ҳадафи худро ба таъхир нагузошта, санаи шашуми сентябр ба ин шаҳри зебо ташриф оварда, як қатор иншооти муҳимми хоҷагии халқро мавриди истифода қарор доданд.
Ташрифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат дар он рӯзҳо бори дигар собит намуд, ки ӯ дар ҳақиқат фарзанди сарсупурдаву шуҷоатманд ва дар раванди бунёди давлатсозиву сулҳофарӣ дорои ҷасорату қудрати хоссае мебошад.
Воқеан, ба ҳар минтақае, ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои корӣ анҷом медиҳанд, ҳамон гӯшаи диёрамон ободу зебо шуда, сатҳи некуаҳволии зиндагии сокинон беҳтар мегардад. Ш. Мӯсо барои пурра кушодани моҳияти қаҳрамони марказии асари худ аз усулу санъатҳои зиёди баёну тасвир, чун кинояву маҷоз, истиораву талмеҳ ва ташбеҳ мақсаднок истифода кардааст, ки ин ҷиҳатҳо барои шавқовар гаштани асар мусоидат намудааст. Адиб ва публитсисти воқеънигор Ш. Мӯсо дидаву шунида ва мушоҳидаҳояшро дар “Ҷасорат” ҷой додааст, ки албатта дар шароити бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, мураккабу печида гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгӯӣ нашудани сиёсату муносибатҳо арзиши бештар касб мекунанд ва моро ба маҷрои дуруст роҳнамоӣ ва ҷиҳати дастгириву таҳкими сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлату ҳукумат масъул мегардонад.
Адиби воқеънигор Ш. Мӯсо дар қиссаи ҳуҷҷатии “Ҷасорат” барои нишон додани донишу хирад, ҷаҳонбиниву шуҷоатмандӣ, сулҳҷӯву ваҳдатгаро ва ватандӯсту миллатпарвар будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз андешаву суханони шахсиятҳои барҷастаи сиёсиву адабӣ ва фарҳангии дохил ва хориҷи кишвар истифода кардааст, ки ҳар кадоме барои таҳкиму таъсирнок гаштани баён аҳаммияти хоссае доранд.

пешина
аз 194
навбатӣ