Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунончи, дар қисса омадааст: “... Агарчи ӯ муҳтоҷи шеъри ман нест, вале касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу нақб кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и “Роғун”- ро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҳост ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурият аст, ман бо ӯям”, (андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир), “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад... Тоҷикистон ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст” (андешаҳои шоир Расул Ғамзатов), “Шумо дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур ба як натиҷае расидаед, ки дар дунёи имрӯз беназир аст. Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта будаш, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷои дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад.
Шумо худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро, ки таҳти роҳбарии ишон ин матлаб дуруст шудааст” (андешаҳои раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Саид Ҷалоли Бадахшонӣ), “Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар” (Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин) ва ғайра.

пешина
аз 194
навбатӣ