Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар охири қиссаи ҳуҷҷатии “Ҷасорат” публитсист Ш. Мӯсо мафҳуми “Ҷасорат”-ро дар ҳамоҳангӣ бо фаъолияти пурмаҳсулу ватандӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, хонандаро, бахусус насли наврасу ҷавони кишварамонро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳифзу таҳкими истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ ҳамеша таъкидоти сарвари давлат “Ҳушёриву зиракии сиёсиро” аз даст надиҳанд ва саҳми худро дар ободиву шукуфоии ҷомеаи навини Тоҷикистон гузоранд.
“Зиҳӣ Ҷасорат!
Зиҳӣ Ҷасорат, ки бузургони тоҷикро зинда кардӣ, фарҳангу тамаддуни тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудӣ, номи “Тоҷик”-у “Тоҷикистон”-ро муаррифӣ карда, тоҷи каёнӣ аз нав бар сари тоҷик бигзоштию шукуҳи шаҳомати дигаре бахшидӣ!
Зиҳӣ Ҷасорат, ки ҷаҳонро ба ҳайрат овардӣ!
Зиҳӣ Ҷасорат, ки дасти хунини аҳриманзодагонро кӯтоҳ сохтӣ!
Раво бошад пеши Ҷасорат, ки аз нури донишу хирад саршор аст, саҷда кунем!
Зеро Ҷасорат пирӯзиҳои бешумори фараҳбахшро ба мо ҳадя карда, ҳаётро бо камоли муҳаббат ва садоқат шукӯҳу шаҳомати тоза бахшида, чун нури хуршеди тобон роҳи моро ба сӯи фардои дурахшон мунаввар месозад!
Оре, бигзор дар олам файзу баракати Ҷасорат ҷовидон бошад!”.
Баъд аз омӯзиш ва баррасии қиссаи ҳуҷҷатии “Ҷасорат” метавон ба хулосае омад, ки ин китоби публитсистӣ ҳамчун манбаи илму дониш, таҳкимбахши эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор доштан аз кишвару Пешвои миллати худ дар зеҳни хонанда ва тавсеаи ҷаҳонбинии ӯ таъсири мусбат мерасонад.

пешина
аз 194
навбатӣ