Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“ДОСТОНИ РОҒУН”: СЎХТАН БО СОХТАН ПАЙВАСТ
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби адибону публитсистони тоҷик бо мақсади ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ва дарки воқеияти иҷтимоӣ як қатор асарҳои хурду бузурги бадеиву ҳуҷҷатӣ таълиф гардиданд, ки онҳо бозгӯи таҳаввулоту дигаргуниҳои сохти иҷтимоии дирӯзу имрӯзи диёр ва рӯзгори мардуми кишвар мебошанд. Нависандаи халқии Тоҷикистон, журналисти соҳибистеъдод ва публитсисти воқеънигор Шералӣ Мӯсо аз ҷумлаи он нигорандагонест, ки дар инъикосу баррасии раванди корҳои сохтмонӣ ва бунёдкориву созандагии кишвар хеле фаъол аст. Дар асарҳои ӯ, аз ҷумла «Осоиш» (2003), «Тулуъ дар ғуруб» (2008), «Ошёни уқобон» (2010), «Қомати сабзи имон»
(2011), «Қиссаи баҳорӣ» (2011), «Мардистон» (2013), «Президенти мо» (2014), «Саодати рў ба гардун» (2015), «Достони Роғун» (2015), «Ҷасорат» (2016), «Маҷмааи ифтихор»
(2017) ва ғайра масъалаҳои мухталиф таҳлилу баррасӣ гардида, фаъолияту корнамоии мардуми тоҷик дар арсаи меҳнат бо эҳсоси баланд инъикос гардидаанд. Барои дарёфти қаҳрамонҳои арсаи меҳнат, шинохту дарки дунёи ботинии онҳо ва шоҳиди рафти корҳои бунёдкорӣ будан, дар баробари дигар намояндагони соҳаҳо, аҳли эҷод, аз ҷумла адибону публитсистон, рӯзноманигорону ҳунармандон ба макони сохтмонҳо сафарҳои мақсаднок намуда, асарҳои худро дар асоси мушоҳидаву суҳбат таълиф менамоянд. Шералӣ Мӯсо аз қабили ҳамин гуна публитсистонест, ки аксари асарҳояш, аз ҷумла “Достони Роғун”-ро бо ҳамин шеваи кор эҷод намудааст.
Истиқлолияту оромии сартосарии кишвар барои тамоми сокинон, бахусус публитсистон, имкон фароҳам овардааст, ки асарҳои гуногунжанру гуногунмавзуъро бо воқеияти бавуҷудомада тасвир намоянд. Ба андешаи мо, ҳанӯз ҳам паҳлуҳои наомӯхтаи сохти давлатдории миллии тоҷикон ва инъикоси дастовардҳои истиқлолият ба таври бояду шояд дар адабиёту публитсистика сурат нагирифтааст. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо зиёиён зикр дошта буданд ки: “Хонандаи мо имрўз зиёдтар ба асарҳое ниёз дорад, ки дастовардҳои даврони истиқлолият, корномаи қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварамон дар онҳо бо ҳақиқатнигорӣ ва завқи баланди бадеӣ инъикос гардида бошанд.

пешина
аз 194
навбатӣ