Нигоҳи чашму дил

– Мебахшед, ман барои сарамро хоридан не, бо арзи дигар омадаам, – гуфт марди корафтода”.
Устод Ғаффоралӣ Сафар дар маҳфилҳои илмиву адабӣ фаъолона ширкат менамуд ва маълум аст, ки дар ин гуна нишастҳо пайваста суханҳои баланду пур аз маънӣ гуфта мешуд.
Хоҳу нохоҳ дар мубодилаи афкору суҳбатҳо аҳли эҷод ҳатман суханҳои латиф низ мегуфтанд ва устод онҳоро бисёр эҷодкорона дар латифаҳояш истифода мекард. Таъсири ҳамин нишасту суҳбатҳо дар ҳаҷвиёти устод боиси эҷоди латифаҳо гаштааст. Латифаҳое, ки дар зер оварда мешаванд, намунае аз онҳост:
Шеъри «зӯр»
Шахси якум:
– Ин шоир шеъри зӯр навиштааст.
Шахси дуюм:
– Нағз гӯед.
Шахси якум:
– Нағз не, зӯр. Фаҳмида намешавад.
Ғалатӣ бароянд
Шахси якум:
– Ҳофиз Мастибоев шеърҳои шоиронро ғалат мехонад.
Шахси дуюм:
– Ӯ мехоҳад, ки сурудҳояш ғалатӣ бароянд.
Устод Ғаффоралӣ Сафар ба ҳаёт ва рафтору гуфтори одамон бо диққат назар менамуд. Зимни мушоҳида маълум мегардид, ки кадом омилҳо боиси қафоравии соҳаҳои хоҷагии халқ ва маънавиёти мардум мегарданд. Нуқсону камбудиҳои инсонҳоро ошкоро ва далерона фош мекард. Мехост, ки ҷомеа ҳамеша дар ҳолати пешравӣ бошад. Инсонҳо ба ҳамдигар ба ҷойи дурӯғу фиребгарӣ, хиёнату дуздӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати хоссае дошта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё