Нигоҳи чашму дил

Қайд намудан зарур аст, ки эҷоди асарҳои ҳаҷвӣ хеле мушкил аст. Агар эҷодкор истеъдоду фитрати баланду завқи навҷӯйӣ надошта бошад, дар таълифи асарҳои ҳаҷвӣ комёб намегардад. Устод Ғаффоралӣ Сафар дорои чунин истеъдод буданд. Яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар осори ҳаҷвии устод Ғаффоралӣ Сафар муносибати зану шавҳар ва дигар аъзои оила мебошад. Дар ин мавзуъ низ устод латифаҳои зиёде таълиф кардаанд, ки боиси таваҷҷуҳ мебошанд. Барои мисол:
Зани худам
Мӯйсафеде ба ҷавони 24-25 сола, ки дар паҳлуи зани дар дасташ борбуда қадам мезад, таъкид кард:
– Писарам, чаро ба зани паҳлуят ёрӣ намедиҳӣ?
– Парво накунед, бобоҷон, - гуфт ҷавон. – Ин зани худам.
Вазифа
Зане шавҳарашро таъриф карда, ба дугонаҳояш гуфт:
– Ҳозир шавҳари ман ба коре гузаштааст, ки рӯзе сад кас наздаш сар хам мекунанд.
Яке аз дугонаҳои зан пурсид:
– Шавҳарат чӣ кор мекунад?
– Сартарош, - ҷавоб дод зан.
Омӯзишу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ бештар ба маводи ҳаҷвӣ таваҷҷуҳ дорад, ки ин ба чанд омил вобастагӣ дорад:
- Инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ ба ханда ниёз дорад, дар таркиби ҳаҷв унсурҳои зиёде ҳаст, ки шахсро аз хасташавӣ, беморӣ ва руҳафтодагӣ наҷот мебахшад.
- Хонанда ва шунаванда аз ҳаҷву мутоибот маънӣ гирифта, аз кардани камбудиҳое, ки дар рафтору гуфтори дигарон ҳаст, худдорӣ намуда, ба ин васила ба пешравиҳои зиёде ноил мегардад.
- Ханда ба инсон қувватнокӣ бахшида, барои расидан ба қуллаи мақсад ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ замина мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё