Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шояд майлу рағбати бузург ба касбу дарёфти мақому манзалати хеш дар зиндагӣ буд, ки овони фаъолият дар идораи имрӯза “Набзи Бохтар” бо ҳидояти устодони рӯзноманигор якчанд матлабу гузоришҳои касбӣ ҳам таҳия ва ба табъ расонида будам. Яъне, аз худам вобастагӣ дошт, ки агар мехостам, фаъолияти минбаъдаи худро ба симати рӯзноманигор ҳам идома бахшам, зеро ки лаёқати нависандагӣ ва усули омода намудани хабару гузоришҳоро аз устоди зиндаёд Файзалӣ Чориев омӯхта будам”.
Тазаккур бояд дод, ки Ҷамолиддин Сайфиддин барои интихоби қаҳрамонҳои лавҳаю очерк ва қиссаҳои ҳуҷҷатии худ аз сарчашмаҳои анъанавӣ: пурсиш, мушоҳида ва сабту қайдҳо истифода мекунад. Қаҳрамони очерки “Духтари Истиқлол” низ маҳз тавассути ин воситаҳо интихоб шудааст, ки бо фаъолияти самаровари худ миёни ҷомеа соҳиби эҳтироми хосса мебошад.
Қаҳрамони очерки мазкур Дилафрӯзи Абдулло яке аз ҷавонони соҳибистеъдоду ҳунарманди замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Очерк аз бахшҳои “Ситораи Дилафрӯз”, “Дурахши ахтарон”, “Аз лӯхтакбозӣ то касбомӯзӣ”, “Меҳвари зиндагӣ” “Дар сиёсат” ва “Насли замонасоз” таркиб ёфтааст. Ҳар кадом қисматҳо бо ҳам пайванди мантиқӣ доранд ва рӯзгору фаъолияти қаҳрамонро бозгӯ мекунанд. Публитсист менависад, ки: “Бо дарназардошти раванди суръатфазои ҷаҳонишавӣ ва вазъи доим тағйирёбандаи дунё ҷамъияти мо, бахусус, сохтори идоракунии давлатӣ, ба кадрҳои дорои илму донишҳои муосир, диди наву ҷаҳонбинии тоза ва афкору таҷрибаи пешқадам ниёз дорад. Имрӯзҳо баъзе ҷавонони дар ҷодаҳои гуногун муваффақро вомехӯрем, ки аз ҷиҳати саводу малакаи касбӣ ва тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта аз дигар ҳамсолони хеш фарқ мекунанд. Шеваи рӯзгори ҷавононе мисли Дилафрӯзи Абдулло, ки фаротар аз чаҳорчӯбаи урфу анъанаҳои қолабист, гувоҳи ҳол аст, ки бо мурури замон дар Тоҷикистон ҳам меъёрҳои иҷтимоӣ дигар мешаванд. Ин насли замонасоз бо дарки ин нукта, ки барои ислоҳи ҷомеа нафаре бояд намунаи ибрат бошад, пайваста дар ҷаҳду талошанд”.

пешина
аз 194
навбатӣ