Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барои кушодани хислату характер ва донишу ҷаҳонбинии қаҳрамон муаллиф андешаҳои модари ӯро низ истифода кардааст. Истифодаи лаҳза (штрих)-ҳои зиндагии қаҳрамон ба шинохти дурусти ӯ мусоидат кардаанд. Чунончи: “Саъю талошу муборизаҳои духтарам ба ман неруи тозаву фикру идеяҳои нав мебахшид, то баҳри беҳбудии сатҳи зиндагиамон роҳҳои дигарро пайдо кунам, - нақл мекунад модари ӯ Намоён Мирова.

  • Вақти таҳсил дар гурўҳи касбомӯзии Маркази таълими калонсолони шаҳри Қўрғонтеппа духтарам устоду ман ҳунаромӯз будам. Дар ибтидои машғулиятҳо баъзе бонувон шубҳаомез мегуфтанд, ки аз ин духтари ҷавон чӣ метавон омӯхт?
    Аммо баъдан, дар рафти машғулиятҳо ба донишу малакаи ҳунаромӯзии ӯ итминони комил ҳосил намуданд”.
    Умуман, рӯзгору фаъолияти қаҳрамонҳои тасвирнамудаи Ҷамолиддин Сайфиддин омӯзанда буда, барои таҳкими хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мусоидат мекунанд.
пешина
аз 194
навбатӣ