Нигоҳи чашму дил

БАХШИ III. ҲИКОЯ ВА ҚИССАҲОИ ҲУҶҶАТӢ
НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН
Раҳим мисли пештара ба корхона боз дер омад. Имшаб ҳам бо ҳамсараш дар хусуси кадом як масъалаи ночизи зиндагӣ баҳсу мунозира намуда, қариби субҳ хобаш бурда монд.
Сардори гурўҳи бинокорон Вафо аз суҳбатҳои алоҳида бо Раҳим дар мавриди фаъолияти корӣ ва риояи талаботи корхона ин дафъа ҳам чанд андешаи дигар баён карду дар охир таъкид кард, ки дар сурати такрор шудани чунин амал аз кор озодаш менамояд.
Раҳим то шом дар корхона болои дастгоҳ кор карда, ба ҳар маҳсулоти тайёршудааш бодиққат зеҳн монд, то онҳо ягон нуқс надошта бошанд. Корхонаи онҳо асосан дару тиреза истеҳсол мекард ва Раҳим дар он ба ҳайси ёрдамчии устои калон фаъолият мекард. Усто Нурмуҳаммад бисёр шахси дилсўзу меҳрубон буд. Дар зарфи даҳ соли фаъолияти корӣ боре ҳам Раҳимро сарзаниш ва ҷанг накарда буд. Агар рўзе ба кор дертар меомад, корҳои ўро низ худаш анҷом дода, танҳо хотиррасон мекард, ки ин вазифаи ту аст, кори ман не. Ҳамин феълу рафтораш ўро миёни ҳамкорон бообрў, дидаро, хусусан бо Раҳим, дўсти қарин карда буд. Нурмуҳаммад имрўз ҳам бо Раҳим доир ба мавзуъҳои гуногун хеле суҳбат кард. Дар охири суҳбат Раҳим ба Нурмуҳаммад нигариста гуфт:
- Ман ҳеҷ гоҳ дастгириву кумакҳоятонро фаромўш намекунам. Аз шумо бисёр минатдорам, ки дар ҳолатҳои гуногун ба ман ёрӣ мерасонед. Ягона нафаре ҳастед, ки маро мефаҳмеду дарди маро эҳсос мекунед.
Вақте ки Раҳим хурд буду аз модар ятим монд, сахт азоби руҳӣ кашид. Дар давраҳои кўдакӣ, ки падар низ тарки фарзандон намуда буд, Раҳим бевосита дар таъмини маводи ғизоӣ барои хонадон заҳмат мекашид. Бо сад азобу машаққат додараш Сафо ва хоҳараш Миҷгонаро ба камол расонид. Аз ин рў, аз хурдӣ ҷисму ҷонаш ба меҳнати сангин одат карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё