Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раҳим ғарқи хотироту хаёлот либосҳои корияшро иваз намуд. Дасташро ба ҷайбаш бурда, ногоҳ ғур-ғуру шикваи завҷааш ба ёдаш омад, ки ҳамеша аз кор дер баромада, аз мағоза овардани қанд ё собунро фаромӯш мекунад. Дар лабонаш табассум гул кард, ҳис кард, ки пазмони чунин шикваю шикоятҳои бонуи хонадонаш гаштааст. Тамоми хастагиҳо ва меҳнати имрӯзааш фаромӯш шуданд. Пеши назараш чеҳраҳои гарму хандони аҳли хонаводааш ҷилвагар гашт ва пайи иҷрои супориши азизи дилаш ба сӯйи мағоза шитофт.
ЗИНДАГӢ МАҶМУАИ БЕШУ КАМИСТ
Мегўянд, зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дораду мисли дарёву баҳрҳо ҳамеша дар туғён аст. Инро Ситора дар ҳаёташ борҳо мушоҳида кардааст. Ў ҳар воқеаеро, ки дар ҳаёташ рух диҳад, аз тақдир медонад. Имрўз ба бозии фарзандаш Мурод, ки бо кўдакони ҳамсоя дошт, нигариста, тамоми саргузашташро пеши назар овард. Ҳодисаҳои зиёде дар ҳаёташ ба вуқуъ пайвастааст, ки ҳар замон онҳо ёдаш оянд, гиря гулӯгираш мекунаду аз ғояти дарду алам чӣ кор карданашро намедонад. Ба ҷабру ҷафои ин дунёи бевафо сабру тоқат мекунаду шукр мегўяд.


Ситора бо ҳамсари меҳрубонаш Ёдгор дар аснои пахтачинӣ шинос мешаванд. Вақте Ёдгор аз ҷӯяки паҳлуи Ситора пахта мечинд, нохост чашмаш ба духтари зебою қашанг ва олуфтаю чеҳрахандон меафтад. Нигоҳҳо бо ҳам бархўрда, лаҳзае сукут ҳукмфармо гардид. Ин оромиро садои Ғулом-саркор шикаст, ки ба ҷавонони пахтачин муроҷиат намуд:

  • Ҳой ҷавонҳо, тезтар пахта чинед, аллакай рўз ним шуд, лаҳзае пас мошин меояду пахтаҳоятонро мебарад. Зуд бошед, зуд!
    Дар ҳамин вақт Ёдгор аз фурсати мувофиқ истифода бурда, ба Ситора гӯшзад намуд: “Пас аз нисфирўзӣ низ аз паҳлуи ҳамдигар ҷўяк мегирем?!” Ситора ин тавр ранг гирифтани корро интизор набуд ва ба таклифи Ёдгор низ чизе нагуфта, пахтаи чидаашро гирифта, ба сўи мошин қадам зад. Аз ин манзараи ҳаяҷоновар дили Ёдгор аз ҳарвақта бештар тапидан дошт.
    Аллакай тири ишқи Ситора ба қалбаш расида буд. Ҳар лаҳзаву ҳар сония мурғи дар қафаси синааш ҷойгирифта ба само парвоз кардан мехост, аммо чизе пеши роҳашро мегирифт. Ёдгор аз китобу суҳбатҳои калонсолон, хусусан нафароне, ки дарди ишқро эҳсос кардаву ин рўзҳоро паси сар кардаанд, борҳо шунида буд, ки ишқ меҳмони нохонда аст ва ҳар лаҳза даричаи қалби касеро хоҳад кўфт. Ин эҳсос қалби пурҳаррорати инсонро дар омӯзишу имтиҳон мегирад, то донанд, ки ишқ чисту ошиқ кист?
пешина
аз 194
навбатӣ