Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ёдгор аз воқеаи фараҳбахши имрўз дар ҳаёташ бавуқуъпайваста хеле дар ҳаяҷон афтода, роҳи тезтар ба дидору суҳбати он паричеҳра расиданро меҷӯст. Дилаш гувоҳӣ медод, ки маҳз ҳамин духтари зебо метавонад ҳамсари ояндааш бошад ва ўро хушбахт кунад. Борҳо дар хобаш чунин паривашро медид, ки ҳар ду савори саманди бодпо дар боғу манзараҳои зебо гаштугузор доранд. Аммо ногаҳон тире ба сўяшон кушода мешавад ва ў барои ҳимояи нозанинаш синаи худро сипар мекунад. Он тир ба қалбаш бармехўрад ва дар ҳамин вақт аз хобаш мехезад. Шукр мекунад, ки ҳамаи ин дар хоб будааст…


Баъди хўроки нисфирўзӣ Ёдгор ҷаҳду талош намуд, ки аз паҳлуи Ситора ҷўяк гираду пахтачинӣ намояд ва ҳамин тавр ҳам кард. Аввалин саволе, ки ў дар аснои пахтачинӣ ба Ситора дод, хеле бо азобу машаққат ифода гардид. “Ном.м.м.м.мат чист?” Боз хомўшии зиёд ҳукмфаро гардид. Акнун ошиқон аз одаму олами атроф бехабар монда, тасаввур мекарданд, ки замин бо ҳамин қадар паҳноияш зери пояшон мисли пештара дар ҳаракат нест. Гўё замин ҳам сукут варзида, ба ин ду ҷавон бо тааҷҷуб нигоҳ дораду барояшон дуои нек мекунад. Пеши назари ин ду ҷавони дар гирдоби ишқ печида ба ғайри чеҳраи якдигар дигар чизе наменамуд, гӯё тамоми мавҷудот аз ҳаракат боз монда, ба суҳбати онҳо гўш медоданд. Ҳамин тавр то бегоҳ ҳар ду аз ҳар боб суҳбат намуда, ба деҳа якҷо омаданд. Ёдгор то нимашаб суҳбату вохўрии имрўзаашро бо Ситора пеши назар оварда, чӣ тавр хоб рафтанашро нафаҳмид. Субҳ модараш Шаҳло ба назди болини Ёдгор омада, сарашро бо меҳру муҳаббати зиёд сила карда: “Писарам, хез, дасту рўятро шўй, аллакай субҳ дамидааст. Ба ту хӯроки дўстдоштаат, ширбиринҷ пухтаам, хез писарам”, - гӯён ўро аз хобаш хезонд. Аҷаб зебост қалби пурҳарорати модар, ки ҳамеша баҳри фарзанд оғӯши меҳр мекушояду бо сад орзу фарзандро навозиш мекунад. Ҳарчанд кас намехоҳад, ки аз хоби ширини саҳар хезад, аммо кадом қуввае, гўё ўро бедор менамуд.

пешина
аз 194
навбатӣ