Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ў дар мактаби наву замонавӣ дўстони зиёд пайдо карда, бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард.
Супоришҳои устодонро сари вақту босифат иҷро мекард.
Ҳамеша миёни ҳамсабақон гули сари сабад буд, чунки ҳам дониши баланду ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати хуби сухангўӣ дошт ва ҳам хоксору меҳрубон буд. Ин хислатҳо ҳар ҳамсуҳбати ўро шефтаю қарин мегардонид. Дар озмуну чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, доим ифтихорномаю сипосномаҳо мегирифт. Аз фаъолияти хуби ў модараш ва тағоҳояш қаноатманд буданд. Ҳамин тавр, рўзҳо ба ҳафтаҳо, ҳафтаҳо ба моҳҳо ва моҳҳо ба солҳо табдил гашта, паси ҳам мегузаштанд.
Захми дилаш низ ба оҳистагӣ шифо меёфт.
Ёдгор донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати табиби кўдакона гардид.


Тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ баъди хатми донишгоҳ, мутахассисонро ба ҳар гўшаи дурдасти кишвар равон мекарданд. Чунки дар аксарияти деҳоту маҳаллаҳо мутахассисону кормандони соҳаи тиб намерасиданд. Дар ин кор хоҳишу имконият, макону мавзеъ, қобилият ва дигар ҷиҳатҳои ҷавононро низ ба эътибор гирифта, бештари вақт мувофиқи он амал мекарданд. Зимни тақсимот намояндаи вазорати тандурустӣ Солеҳ Солеҳович ба Ёдгор нигариста, ба кадом деҳа ва ноҳия ба кор рафтанашро пурсид. Ў аз ҷояш хеста, бо иҷозат ба ҳозирон нигариста гуфт:

  • Мо аз Ҳукумату давлат ва аз устодоне, ки давоми ин солҳо ба таълиму тадриси мо, ҷавонон машғул буданд ва дар ин ҷода кумаку дастгирӣ намуданд, миннатпазирем. Ҳар ҷое, ки лозим донанд, ба он ҷо рафта, ба халқу миллат хизмати софдилонаю содиқона мекунем. Аммо ба маълумоти шумо мерасонам, ки деҳаи “Навзамин”-и ноҳияи Ҷиликўл ба чунин мутахассисон ниёз дорад. Дар беморхонаи деҳаамон табибон намерасанд, мардумро муолиҷа кардан бисёр мушкил, ба маркази ноҳия омадан вақту хароҷоти зиёдро талаб мекунад.
пешина
аз 194
навбатӣ