Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Ҷобирҷон, охир, худат хуб медонӣ, ки ин корҳо, аз ҷумла “гаҳворабахш”-и мегуфтагиат, дар замони имрўз ҷоиз нест.
    Бузургонамон таъкид кардаанд, ки ҷавони беҳтарин он ҷавоне аст, ки соҳиби ақлу фаросат, касбу ҳунар, соҳиби зан ва ё шавҳари меҳрубон аст. Духтарат, ки ба балоғат расидааст, ба шавҳар деҳ, аз ин магар кори хубу босавобе мешавад?!.
    Мулло Фатҳулло ба ин монанд даҳҳо панду андарз ва гуфтаҳои бузургонро мисол овард, лекин ба Ҷобир суде набахшид. Ҳамин тавр, онҳо аз хонаи Ҷобир ғамгин ва ноумед баргаштанд. Ба назди Ёдгор омада, асли гап ва мақсадро фаҳмониданд. Ҳангоми рафтан муллои деҳа Фатҳулло ба Ёдгор нигариста таъкид кард, ки аз ин кор ғамгин нашавад ва танҳо ба даргоҳи Худо дуо кунаду ҳоҷаташро бихоҳад. Иншоллоҳ нияти нек аст, Худованд онро бароварда мекунад.

Баъди рафтани муллои деҳа Ёдгор ба назди модараш омад.
Модар бо мақсади орзуву ҳаваси писари ягонаашро дидан кӯрпаю болишт медўхт. Ногоҳ чашми Ёдгор ба чашми модараш афтод, ки аз ашки зиёд варамида буд. Ў модари ғамгусорашро ба оғӯш кашида, дилбардорияш кард:

  • Модарҷон, чаро гиря мекунӣ? Ҳамааш хуб мешавад.
    Фақат худатро эҳтиёт кун, модарҷон, ғамгин машав.
    Ҳам модар ва ҳам Ёдгор он шаб то саҳар хоб нарафта, мисли мурғи посўхта ин тарафу он тараф рафта, ором намегирифтанд. Дар сари онҳо ҳазор фикр меомад. Ёдгор аз ин ҳолат бештар дилтанг мешуд, роҳи ҳалли масъаларо меҷуст, аммо онро пайдо карда наметавонист. Ба ҳамаи ин сабрро ихтиёр мекарду ба даргоҳи Худованд дуо мекард. Ин ҳолат соле давом кард ва рўзе тағоҳои Ёдгор Раҳиму Фозил ба хонаашон ба меҳмонӣ омаданд. Онҳо атрофи мушкилоте, ки ба сари оилаи апааш Шаҳло ва ҷиянашон омада буд, дурудароз суҳбат карданд. Ниҳоят ба хулосае омаданд, ки модару писарро гирифта, ба шаҳр баранд. Рўзҳои аввал модару писар дар шаҳр хеле ғамгин шуданд ва чандин маротиба хостанд, ки ба деҳа баргарданд. Аммо додаронаш монеи ин рафтан мешуданд. Бо дастгирии онҳо Ёдгор ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, ба дарсҳояш машғул шуд.
пешина
аз 194
навбатӣ