Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва шогирдонашро низ дар ҳамон руҳияи тарбия менамояд.
Зебоӣ ва солимии инсон маҳз аз варзиш маншаъ мегирад.
Ҳар фарде, ки ба варзиш шуғл меварзад, дар баробари таъмини солимии худ ба комёбиҳои меҳнатӣ низ даст меёбад.
Варзишгари асил нафарест, ки бо донишу ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ аз дигарон тафовут дорад. Устод Нодиров Т. ҳамин нуктаро дар машғулиятҳо пайваста ба шогирдони худ талқин мекунад.
Руҳи солим аз тани солим ва тани солим бошад аз машқу тамрин сарчашма мегирад. Агарчӣ имрӯз устод Нодиров Т. ба синни мубораки 70 расида бошад ҳам, мудом ба варзиш машғул шудаву солимии худро нигоҳ медорад. Ба ҷавонон таъкид мекунад, ки бояд инсон дар ҳама синну сол ба машқу тамрин сару кор дошта бошад.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад, арҷгузорӣ ба шахсияҳои касбу кори гуногун мебошад. Имрӯзҳо ба ифтихори ниёгонамон ва шахсиятҳое, ки дар рушди ин ё он соҳа нақши созгор доранд чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешаванд. Чанде пеш ма муносибати 70 солагии устод Нодиров Т. дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конфронс ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардид. Китоби “Меҳрнома”-е бо унвони “Зиндагии ибратомӯз” низ аз ҷониби наздикону пайвандон, дӯстону ҳамкорон ва шогирдони устод чоп шуданд. Дар он яке аз шогирдони устод Ҳалимов Ҷамшед шеъреро чун меҳру ихлос ва эҳтиром ба шахсияти устод эҷод намудааст, ки он чунин аст:
Ҳафтод соли умрат оғози кор бошад, Ҳафтод соли дигар авҷу барор бошад.
Варзида ҷисму ҷонат, майдонҳо маконат, Ҳар лаҳза пеш рафтан доим шиор бошад.
Гарди хазон набинӣ, бори гарон набинӣ, Ҳар чор фасли умрат доимбаҳор бошад.

пешина
аз 194
навбатӣ