Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҲАР КАСЕРО БАҲРИ КОРЕ СОХТАНД...
Дарвоқеъ, чунин аст. Исмоил Қосимовро дар шаҳри Бохтар ва атрофи он ҳамчун марди хирадманду меҳнатдўст ва пеш аз ҳама, занбуриасалпарвар мешиносанду эҳтиром мекуананд. Ў аз хўрдӣ меҳнатро дўст медошт ва ба ҳар коре, ки шуғл меварзид, онро аз худ менамуд. Оилаи Қосимовҳо соли 1927 аз Фарғона ба шаҳри собиқ Қўрғонтеппа, ҳозира Бохтар, кўч мебанданд.
Падари хонадон Муъмин Қосимов барои тарбияи фарзандон тамоми шароитро муҳайё кард ва худ низ намунаи олии шахсони меҳнатқарину ватандўст буд. Дар таъмини ғалаба дар солҳои 1941-1945 фаъолона ширкат намудааст.
Исмоил Қосимов бошад дар зиндагӣ аз рўи ҳунару меҳнат ва дўстиву рафоқаташ соҳиби обрӯву мақом шудааст. Ба гуфти ў, инсон бояд, пеш аз ҳама, меҳанпараст ва меҳнатдўст бошад ва ба қадри ин ҳама обу хоки Ватан бирасад. Мавсуф баъд аз солҳои зиёди фаъолият дар базаи ҳамлу нақли автомобилии шаҳри Бохтар ба парвариши занбури асал машғул шуда, имрўз рўзгори худро аз ин ҳисоб пеш мебарад.
Бояд қайд намоем, ки машғул шудан ба парвариш ва нигоҳубини занбури асал дер боз диққати Исмоил Қосимовро ба худ ҷалб намуда буд. Аммо фурсати он дертар, аниқтараш баъди ба нафақа баромадан, ба вуҷуд омад. Ў як оилаи занбури асалро тавонист то ба 200-250 оила расонад. Ӯ иштирокчии озмуну чорабиниҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ буда, бо диплому ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо аз тарафи давлату ҳукумат қадрдонӣ шудааст.
Ҳамасола Исмоил Қосимов баъди ғун доштани ҳосили занбури асал ба муассисаҳои тавонбахшӣ, шахсони яккаву танҳо ва камбизоату бепарастор ёрӣ мерасонад. Ў мегўяд, ки ҳар нафаре, ки дасти сахо ва кумак ба дигарон дорад, ҳам дар зиндагӣ ва ҳам кору фаъолияташ баракат зиёд мегардад.
Исмоил Қосимов ба таълиму тарбияи фарзандон диққати хосса зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи меҳнатдўстӣ ва ватанпарастӣ тарбия мекунад. Ӯ зимни суҳбате дар ин хусус изҳор дошт, ки ояндаи ҷомеа аз насли худшиносу худогоҳ вобастагии зиёд дорад ва барои ташаккули ин омилҳо дар замири наврасону ҷавонон нақши волидон назаррас мебошад.

пешина
аз 194
навбатӣ