Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бояд волидон масъулияти бар зиммаи худ бударо бо сарбаландӣ иҷро намоянд.
Исмоил Қосимов дар баробари занбуриасалпарварӣ ба кандакорӣ ва наққошии рўи санг машғул мебошад. Тамоми хонаҳои занбури асалро ў бо дасти худ омода мекунад. Ба гуфти ў, инсоне, ки касбу ҳунар дорад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва ўро ҳамагон эҳтиром мекунанд ва дўст медоранд.
Карл Маркс гуфтааст: «Ҳар шахс дар назди худ мақсаде дорад, ки барои ў ин мақсад бузург аст. Вале мақсад дар ҳамон ҳолат бузург мебошад, ки агар шахс бо боварии том ва аз қаъри дили худ онро эътироф намояд». Мақсади Исмоил Қосимов дар зиндагӣ меҳнат ва аз ин роҳ ризқу рўзӣ ба даст овардан мебошад. Ў аз солҳои вазнин ёдовар шуда, аз чашмҳояш ашк ҷорӣ шуд. Имрўз акаи Исмоил шукргузор ҳаст, ки дар Ватан оромиву субот аст ва мардум ба меҳнат машғул ҳастанд.
Барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи занбуриасалпарварӣ барномаҳои зиёди давлатӣ қабул гардида, натиҷаҳо дар ин самт назаррас мебошанд. Имрўз маҳсулоти занбуриасалпарварон қариб ба беш аз 30 давлат содирот мешаванд. Бояд қайд намоем, ки тамъи асали Тоҷикистон нисбат ба дигар асалҳо болаззат аст, зеро дашту даман ва кӯҳу пуштаҳои кишвар пур аз гулу гиёҳҳои шифобахш мебошанд.

пешина
аз 194
навбатӣ