Нигоҳи чашму дил

Маҳз ҳамин омилро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эътибор гирифта, бунёди миллату давлат, рушду пешрафти тамоми бахшу соҳаҳоро аз соҳаи маориф ва илм ва кормандони он вобаста медонанд.
Сармоягузорӣ ба неруи зеҳнӣ ва муҳайё намудани шароити илмомӯзиву касбазхудкунӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат қарор дорад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар дар шароити бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, вусъат гирифтани низоъҳои шадиду геополитикӣ насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор доштан аз марзу буми аҷдодӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ ба камол расонида истодаанд.
Хушбахтона, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии кишварамон низ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва дар муаррифии миллату давлат мусоидат намуда истодаанд, ки ин аз дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дарак медиҳад. Бо пуштибонӣ аз илму маориф ва фарҳангу тамаддуни пурғановат ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар кишварамон ташкилу роҳандозӣ гардида, аз ҷониби сокинон ҳамовозии амиқ пайдо намуда, сол то сол доираи доманаи он васеъ гашта истодааст.
Мушоҳида мешавад, ки хонандагону донишҷӯён ва сокинони кишвар чун пештара рӯй ба китоб оварда, донишу ҷаҳонбинии худро ба ин васила рушду густариш мебахшанд.
Маҳз фарди соҳибилму соҳибхирад метавонад дар дигаргун намудани сатҳи некуаҳволии худу дигарон саҳмгузор бошад.
Дар натиҷаи ташкили озмунҳои мазкур наврасону ҷавонони соҳибистеъдоду суханвар, эҷодкору навовар ва ҳунарманд кашф гашта истодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё