Нигоҳи чашму дил

Боварии комил дорем, ки иштирокчиёну ғолибони озмунҳои мазкур дар рушду шукуфоии имрӯзу ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд. Ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм мо кормандони соҳаро водор менамояд, ки сатҳу сифати машғулиятҳои таълимиро мутобиқи замони муосир ба роҳ монда, насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба камол бирасонем.
Дар ибтидои асри ХХ истилоҳ ва мафҳуми сармоягузорӣ ба неруи зеҳнии инсон дар мақолаву суханрониҳои сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва муҳаққиқону олимон васеъ мавриди истифода қарор дошт. Сармоягузориро бархе аз одамон танҳо дар рушди соҳаву бахшҳои тиҷоративу кишоварзӣ арзёбӣ мекарданд. Баъд аз гузашти муҳлати начандон дур моҳияту ҳадафи сармоягузориро ба неруи инсон шахсони сарватманду соҳибкорон дарк намуда, таваҷҷуҳ ба он хеле бештар гардид. Ин таваҷҷуҳ боиси пешрафти бахшу соҳаҳои алоҳида, аз ҷумла рушди соҳаи технологӣ гардида, маҳз бо истеҳсоли дурусти неруи зеҳнӣ бисёр масъалаҳои норавшан барои инсоният ошкор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба рушду тақвияти неруи зеҳнии инсонӣ, ки асоси онро таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор доштан аз сарзамин ва обу хоки диёр, суботу ваҳдати сартосарӣ, пешрафту шукуфоӣ, таъмини зиндагии босаодат ташкил медиҳад, таваҷҷуҳи хоссае зоҳир намуда, дар ин замина тадбирҳои зиёдеро то ба имрўз амалӣ намуда меояд. Ҳамин аст, ки соҳаи маориф ва илм дар сиёсати пешгирифаи давлат ва ҳукумати кишвар дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Маҳз бо туфайли чунин ғамхориҳо насли наврасу ҷавони кишвари азизамон бо донишу хиради баланд дар озмуну чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, ки ин ҳам аз натиҷаҳои самаровари сармоягузорӣ ба неруи зеҳнии инсоният дарак медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё