Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст, Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.
Ҳар давлату миллат дорои рамз ва арзишҳои миллӣ мебошад. Ниёгони мо барои парфишонии Парчами миллӣ бар зидди аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар бештар маврид пирўз гаштаанд. Бунёди майдону гулгаштҳои Парчами миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз эҳтиром ва аргузорӣ ба ин рамзи давлатдорӣ мебошад. Мушоҳида мешавад, ки волидон куӯдакону наврасонро ба майдони гулгаштҳо бурда, бо ифтихор аз таърихи парчамдорӣ ва моҳияту арзиши ҷилванамоии Парчам қисса мекунанд.
Нишони сарфарозиҳои – тоҷик, Шукӯҳи мулки беҳамтои – тоҷик.
Бувад ҳар ҷилвааш чун ҷилваи бахт, Баландиаш, қади болои – тоҷик.
Қайд намудан зарур аст, ки ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар ҷашн гирифта шуда, зери ин Парчам мардуми бузурги тоҷик муттаҳид мегарданд. Бигзор, ин Парчами орзуву ормонҳо ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша парфишон бошад.
Шоир бисёр муассир гуфтааст:
Сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистон зинда бод, Парчами тоҷик доим дар ҷаҳон поянда бод.

пешина
аз 194
навбатӣ