Нигоҳи чашму дил

ВАТАНДЎСТИВУ МЕҲАНПАРАСТӢ АЗ ХУДШИНОСИВУ
ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ МАНШАЪ МЕГИРАД
Худшиносиву худогоҳӣ яке аз василаҳои муҳимми шинохту дарки падидаву зуҳурот, воқеаву равандҳо, одамону олами иҳоташуда ба ҳисоб рафта, дар бунёду таҳкими миллату давлат ва расидан ба ормонҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Инсон баъд аз чашм кушодану дар оғўши Модар- Ватан камол ёфтан, маҳз тавассути маърифату ҷаҳонбинӣ, дарку эҳсос, таҳлилу муқоиса ба зинаи худшиносиву худогоҳӣ мерасад, ки ин омил чун қутбнамо роҳи минбаъдаи ҳар фардро дурахшон менамояд.
Аввалин мураббии инсоният – Модар дар замири фарзанд муҳаббату дўстдории Ватан ва дигар арзишҳоро ба воситаи шири поку ҷонбахш ва суханҳои ҳикматбору омўзанда ҷой мекунад. Меҳру садоқати инсон бошад нисбат ба волидону меҳан аз таълиму тарбияи дуруст, омўзиши рўзгору осори ниёгон ва фаъолияти самарабахш, ки дар маҷмуъ ба дараҷаи худшиносиву худогоҳӣ оварда мерасонад, вобастагии калон дорад. Тамоми муваффақияту комёбиҳои илмиву техникие, ки инсоният дар давоми ҳастии худ ба даст овардаву дар оянда меоварад, пеш аз ҳама, аз мутолиаи амиқ, завқу хоҳиш, масъулиятшиносӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, қобилияти баланди эҷодӣ ва худшиносиву худогоҳии ў вобастагии калон дорад. Ҳамин хусусиятро қишри фаъолу зиёии кишвар ба асос гирифта, насли наврасу ҷавони кишварамонро, ки ояндаи миллату давлат мебошанд, дар руҳияи ватандўстӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия намудаву ба камол мерасонанд.
Худшиносиву худогоҳӣ аз шинохти дурусти худ ва муҳити атроф ибтидо гирифта, сипас тавассути мушоҳидаҳои мақсаднок, мутолиаи амиқ ва таҳлили раванду зуҳурот рушду такомул меёбад.
Инсон ба воситаи худшиносиву худогоҳӣ масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро маърифат намуда, ба умқи он сарфаҳм мераваду онҳоро таҳлилу баррасӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё